Ссылки доступа

Зубайдуллоҳи Розиқро аз "ШИЗО" бароварданд


Масъулини идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯянд, Зубайдуллои Розиқ, узви 80- солаи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ аз ҳуҷраи ҷаримавии зиндон (ШИЗО) озод шуда, ба утоқи муқаррарӣ баргардонда шуд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат гуфтанд, Зубайдуллои Розиқ рӯзи 22-юми июл, барои вайрон намудани низоми утоқе, ки ба сар мебарад, ба ШИЗО интиқол дода шуд ва 15 рӯз дар онҷо хоҳад монд.

Ҳусниддин Нидоев, як масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи расонаӣ шудани хабари ба ҳуҷраи ҷаримавӣ интиқол ёфтани Зубайдуллоҳи Розиқ бо роҳбари маҳбаси шаҳри Ваҳдат телефонӣ суҳбат дошт. Ба гуфтаи Нидоев, рӯзи 31-уми июл Зубайдуллоҳи Розиқро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ баровардаанд.

Масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтанд, онҳо низ аз расонаҳо огоҳ шудаанд, ки Зубайдуллоҳи Розиқ тартиботи дохилии маҳбасро вайрон кардааст. Дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳам қаблан ба Радиои Озодӣ ҳамин нуктаро зикр карда, аммо нагуфтанд, ки Зубайдуллои Розиқ кадом тартиботро вайрон кардааст.

Наздикони ин фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ аз он нигаронӣ карданд, ки Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ранҷ мекашад. Ҳисомиддини Зубайдулло, писари Зубайдуллои Розиқ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш солхӯрда аст ва дар шуъбаи ҷаримавӣ азият мекашад.

Зубайдуллоҳи Розиқ соли 2015 боздошт ва 25 сол зиндон маҳкум шуд. Даҳҳо тани дигар аз ҳамроҳонаш ҳам бо ҷурми даст доштан дар "ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим", гунаҳкор эълон шуданд, ҳарчанд наздиконаш ҳукмро қабул надоранд.

Дар номае, ки ӯ ҳамроҳ бо се ҳамроҳаш дар соли гузашта навишта буданд, гуфтаанд, "инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд... Дар 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсӯс, ки умеди мо амалӣ нашуд."

Наздикони онҳое, ки барои узвият дар ҲНИТ зиндонӣ шудаанд, пайваста аз шиканҷа шудани онҳо дар зиндон шикоят мекунанд. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG