Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони роҳи оҳан тазоҳурот мекунанд


Садҳо корманди ширкати роҳи оҳани "Транко Жезказган", як корхонаи пудратчии "Казоқмис"-и Қазоқистон 1 август дар шаҳри Жезказган ба нишони эътироз тазоҳурот карданд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки корхонаи онҳо аз ҳайати ҶДММ "Tranco Zhezkazgan" хориҷ ва ба "Қазоқмис" ҳамроҳ шавад. Ҳамчунин маоши кормандон ҳар шаш моҳ тадриҷан 50 дарсад баланд ва рухсатӣ то 30 рӯз зиёд карда шавад. Ба ҷуз ин, дар рӯзи кормандони роҳи оҳан ба онҳо идпулӣ ва барои кор дар шароити сахт пули иловагӣ пардохт карда шавад.

Онҳо ҳамчунин талаб мекунанд, ки дахлнопазирии кормандон таъмин ва аз таъқиби эҳтимолӣ муҳофизат шаванд.

Шаҳрдори Жезказган ба назди таҷаммуъгарон баромад ва бо пешниҳоди муовини раҳбари "Қазахмис" Андрей Гайдин барои ҳалли мушкил ва муколама миёни ҷонибҳо гуруҳи ташаббускор ташкил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG