Ссылки доступа

11 муҳоҷир аз Узбекистон дар Волгоград заҳролуд шудаанд


Беш аз 10 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, ки 28 июл дар ноҳияи Биковскийи вилояти Волгогради Русия заҳролуд шуданд, дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон иттилоъ додааст, ки муҳоҷирони бистаришуда аз 18 то 60 сол доранд.

Ҳамаи ин муҳоҷирон дар хоҷагии деҳқонии "Победа"-и Биковский ғайриқонунӣ кор мекардаанд. Вазъи муҳоҷирон қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG