Ссылки доступа

Фаъолони зиндонии қазоқ аз Иттиҳоди Аврупо ва СММ кумак хостанд


Фаъолони шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки бо банди "бетартибиҳои оммавӣ" ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкумшудаанд, вакилони аврупоӣ ва СММ-ро ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январи кишварашон даъват карданд.

"Муҳтарам вакилони Иттиҳоди Аврупо ва нозирони СММ, аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои озод кардани ман, маҳбусони сиёсии дигар ва таҳқиқи одилонаи байналмиллалии ҳодисаҳои январи Қазоқистон, аз ҷумла парвандаҳои ҷиноии сохтаи марбут ба моҳи январ мусоидат кунед", - омадааст дар муроҷиатномаи Ляззат Досмамбетов, яке аз фаъолони қазоқ, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ зиндонӣ шудааст.

Досмамбетова гуфтааст, ғайриқонунӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Зеро ӯ "дар ҷараёни тазоҳуроти оммавии аввали моҳи январи соли 2022 танҳо аз ҳуқуқи конститутсионии худ барои эътирози осоишта истифода карда буд".

Фаъоли мадании дигари қазоқ Ҷонмурод Аштаев низ ба СММ ва Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кардааст. Муроҷиатномаи Аштаев аз сӯи ҳамсараш Молдир Нуранова дар Фейсбук нашр шудааст. Ӯ гуфтааст, аз соли 2018 барои изҳори андешааш таҳти таъқиби сиёсӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG