Ссылки доступа

Имзои санади сеҷониба дар бораи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон


Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, имзои санади сеҷониба дар бораи тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар назар аст.

Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов рӯзи 2 август дар ҷаласаи нахустини формати муколамаи “Узбекистон – Озарбойҷон – Туркия” дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир корҳо дар робита ба масъалаҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа фаъолона идома доранд.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани мазкур ҳанӯз солҳои 2000 рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо то ин замон ин тарҳ ба марҳилаи иҷро надаромадааст.

XS
SM
MD
LG