Ссылки доступа

Шаҳрвандони Узбекистон аз ронандагони таксиҳои Ӯш ба мақомоти қирғиз шикоят кардаанд


Шаҳрвандони Узбекистон аз амали ронандагони таксӣ дар шаҳри Ӯш ба мақомоти Қирғизистон шикоят кардаанд.

Онҳо дар муроҷиатномаи худ, ки 2 август дар паёмакрасони Телеграм нашр шуд, гуфтаанд, ронандаҳои таксии Ӯш онҳоро ҳангоми баргашт аз Русия ба ватан иҷборан ба мошин савор карда, барои 5-6 километр роҳ то марзи ду кишвар 500 сом (тақрибан 6 доллари амрикоӣ) талаб мекунанд.

Сухангӯи пулиси Ӯш Жениш Аширбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, масъалаи муносибати ронандагони таксии ин шаҳр бо мусофирон се сол аст, ки матраҳ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли ҷорӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ 15 муроҷиат қабул кардаанд.

"Аммо шаҳрвандони хориҷӣ, ки тариқи интернет муроҷиат мекунанд, дар бораи қонуншикании ронандагон далелеро пешниҳод намекунанд. Бинобар ин, тасдиқи он ғайриимкон аст. Дар ин ҳолат мо танҳо бо корҳои фаҳмондадиҳӣ иктифо мекунем", - изҳор доштааст Аширбоев.

Бештари шаҳрвандони Узбекистон тавассути шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Русия сафар мекунанд ё ба ватан бармегарданд.

XS
SM
MD
LG