Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як зану шавҳар барои "даъват ба ҷудоихоҳӣ" зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Петропавловски вилояти Қазоқистони Шимолии Қазоқистон ду сокини маҳаллиро бо иттиҳоми даъват ба ҷудоихоҳӣ тавассути сӯҳбатҳои видеоӣ ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии додгоҳ, ҳодиса 11 декабри соли 2021 рух додааст.

Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ҳамсарон П. ҳангоми суҳбат тавассути барномаи "Chatroulette" ба корбари дигар, мухолифи пайвастани Қазоқистони Шимолӣ ба ҳайати Русия "суханҳои хатарноке гуфтаанд, ки хатарҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дар робита ба ҳифзи ягонагии Қазоқистон дар пай доранд".

Бино ба иттилои "Sputnik Қазоқистон", ин зану шавҳар даъват кардаанд, ки вилояти Қазоқистони шимолӣ ба Русия ҳамроҳ карда шавад. Аммо худи гумонбарон ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG