Ссылки доступа

Аз 300 то 25 ҳазор. Дар Тоҷикистон чӣ миқдор нафақа мегиранд? (видео)


Пенсионеры в Таджикистане жалуются на маленькие пенсии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Бознишастаҳо аз нафақаи ночиз дар Тоҷикистон шикоят доранд.

Бознишастагон дар Тоҷикистон аз нафақаи ночиз, ки барои рӯзгорашон нокифоя ҳаст, шикоят доранд.

Мирзобек Буриев, сокини 68-солаи Душанбе, панҷ сол пеш бознишаста шуд. Дар ибтидо нафақаи ӯро 266 сомонӣ муайян карда буданд. Чанд дафъа ҳаҷми нафақа боло шуд ва ҳоло 337 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад.

“Ба 337 сомонӣ чӣ мехарӣ? Як халата орд мехарӣ, як баклашка равған. Вобаста ба ин нарху наво нафақа камаш 500-600 сомонӣ бошад, ки баъд ниму нимкола фақат нону чой хурӣ,”—гуфт Мирзобек Буриев.

Ҳаққи бознишастагии Бобои Мирзобек аз ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 17 сомонӣ болотар аст. Дар як соли ахир ҳаҷми нафақаи бознишастагон дар кишвар 28 сомонӣ боло шудааст. Дар ҳоле ки қиммати аксари маҳсулоти ниёзи аввалия дар як соли ахир чандин маротиба боло рафтааст.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, мегӯяд, нафақаро бо дарназардошти маош муайян мекунанд. “Нафақаҳои баландтарин аз ҳисоби баландтарин будани музди меҳнат кормандони бонкҳои тиҷоратӣ мегиранд. Масалан, кормандони “Тоҷикбанкбизнес”, баъзе кормандони Бонки миллӣ ҳам, ки маошҳояшон баланд буд, нафақаҳояшон аз 12 то 18 ҳазор сомонӣ ҳаст. Ҳозир маҳдудият нест, то 22-25 ҳазор сомонӣ нафақагир ҳам ҳаст,”—гуфт ӯ.

Ба фарқ аз гуруҳе, ки ҳам маоши зиёду нафақаи баландро мегиранд, кишоварзоне, ки як умр зери офтоби сӯзон кор мекарданд, ҳоло пастарин нафақа, 97 сомонӣ дар як моҳ мегиранд.

Ҳаҷми нафақаҳои бузург дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бархе суол мекарданд, ки чигуна як нафар 200 сомонӣ нафақа мегирад, дар ҳоле, ки нафақаи як гурӯҳи дигар беш аз 10 ҳазор сомонӣ аст. Баъд аз ин, Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дигар андоза ва исми шахсонеро, ки баландтарин ҳаққи бознишастагӣ мегиранд, ошкор намекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор бознишаста аст. Аз ин миён 32 ҳазори онҳо, новобаста аз синни нафақа, кор мекунанд ва танҳо маош мегиранд.

XS
SM
MD
LG