Ссылки доступа

Барои бунёдгузорони "пирамидаи молӣ" дар Қазоқистон то 20 соли зиндон таҳдид мекунад


Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон барои раҳбарон ва бунёдгузорони "пирамидаи молӣ" ҳукмҳои тулонии зиндон талаб кард.

Додситон аз додгоҳ хостааст, Жанболат Есиркепов бунёдгузор ва раҳбари ширкати "Profitable Loan", "Garant 24 Lombard", "ESTATE Lombard", "Nur-Ali Capital" 20 сол ва чанд шарики ӯ, ки бахшҳоро дар минтақаҳо раҳбарӣ мекарданд, 19-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Барои Дана Князбоева, ки ба ташкили як нақшаи "пирамидаи молӣ" ва “азхудкунии пулу амволи беш аз даҳҳо ҳазор амонатгузор” муттаҳам мешавад, 12 соли зиндон хоста шудааст. Сабуктарин ҷазое, ки дар доираи ин парванда талаб шудааст, 9 соли зиндон мебошад.

Ба иттилои додситонӣ, як гурӯҳи 48-нафарӣ ба раҳбарии Жанболат Есиркепов "бо роҳи қаллобӣ маблағҳои беш аз 17 000 шаҳрванди Қазоқистонро аз худ кардаанд".

XS
SM
MD
LG