Ссылки доступа

Дар Қазоқистон розӣ шуданд, талабҳои кормандони норозиро қисман иҷро кунанд


Ширкати "Қазоқмис", ки кормандони корхонаи пудратчии он 1 август дар шаҳри дар шаҳри Жезказган бо талаби афзоиши маош ва таъминоти иҷтимоӣ тазоҳурот карда буданд, гуфт, бо эътирозгарон ба чандин созиш расидааст.

"Қазоқмис" ҳамчунин хабар додааст, ки барои ҳалли мушкили кормандон "гурӯҳи корӣ" таъсис дода шудааст.

Садҳо корманди корхонаи пудратчии "Казоқмис"-и Қазоқистон 1 август дар Жезказган ба нишони эътироз тазоҳурот карданд.

Онҳо талаб карданд, ки корхонаашон аз ҳайати ҶДММ "Tranco Zhezkazgan" хориҷ ва ба "Қазоқмис" ҳамроҳ шавад. Ҳамчунин маоши кормандон ҳар шаш моҳ тадриҷан 50 дарсад баланд ва рухсатӣ то 30 рӯз зиёд карда шавад. Ба ҷуз ин, дар рӯзи кормандони роҳи оҳан ба онҳо идпулӣ ва барои кор дар шароити сахт пули иловагӣ пардохт карда шавад.

XS
SM
MD
LG