Ссылки доступа

Тоҷикистон як пойгоҳи марзбониро наздиктар ба марзи Афғонистон бурд (видео)


Мақомот пойгоҳи марзбониро аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) ба душворназораттарин қитаъи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон кӯчонданд.

Марзбононро дар қароргоҳи нав дар наздикии деҳаи Ёли ин ноҳия, ки тақрибан 4 километр наздик ба марзи Афғонистон сохта шудааст, ҷойгир хоҳанд кард. Ин пойгоҳи марзбонӣ охири моҳи май бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба истифода дода шуда буд.

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, пойгоҳи нав ба марз наздиктар аст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба хотири "таъмини амнияту бехатарии марз ва ҳифзи ватани маҳбуб" гирифта шудааст.

Пойгоҳи кӯҳна ҳудуди 20 километр аз марз дур буд ва назорати мустақими марз аз ҳудуди он имконнопазир буд. Ҳоло пойгоҳи нави марзбонӣ дар ҷое қарор дорад, ки онро нуқтаи душворназорати марзӣ меноманд.

Марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар ин ҷо рӯди Панҷ ҷудо месозад. Ҳанӯз канори рӯди Панҷ роҳ вуҷуд надорад, ки марзбонон марзро аз тариқи он назорат кунанд. Набудани роҳ бахши зиёди марзро аз назорати марзбонони тоҷик хориҷ карда буд ва солҳо онҷо макони кочоқбарони афғон буд. Ҳоло дар ин минтақа ба сохтмони роҳ оғоз кардаанд.

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, тақрибан 30 километр дар ин минтақаи душворназорат роҳ сохтаанд.

Барои назорати комили марз бояд ҳудуди 100 километр дар ин мавзеъ роҳ сохта шавад.

Марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон 145 километр дарозӣ дорад.

Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мақомоти тоҷик марзро тақвият доданд. Ҳарчанд, мақомот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, нигароние вуҷуд надорад, вале талошҳо барои тақвият бозгӯи он аст, ки вазъ чандон сода нест.

XS
SM
MD
LG