Ссылки доступа

Даҳ муҳоҷири узбекро аз ғуломӣ дар Алмато озод карданд


Даҳ шаҳрванди Узбекистон, ки бо ҳадафи истисмори корӣ дар Қазоқистон иҷборӣ нигаҳдорӣ мешуданд, озод ва ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Дунё”, се шаҳрванди Узбекистон ба консулгарии ин кишвар дар шаҳри Алматои Қазоқистон муроҷиат карда, гуфтанд, ки гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ бо таҳдиди хушунат 10 нафарро дар хонаи шахсӣ нигоҳ дошта, ашёву телефонҳояшонро мусодира кардаанд.

Кормандони консулгарӣ ҳамроҳ бо намояндагони ниҳодҳои интизомӣ дар Алмато ба маҳалли ҷойгиршавии шаҳрвандони Узбекистон рафта, баъдан онҳоро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бостандик бурдаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Худсарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG