Ссылки доступа

Мансабдорони Узбекистон барои риоя накардани сиёсати шаффофият муҷозот мешаванд


Мансабдорони Узбекистон аз ин пас барои нақзи қонунгузории кишвар дар бораи шаффоф будани фаъолияти мақомот ва идораҳои давлатӣ дар ҳаҷми аз 3 то 5 нишондиҳанда ҷарима хоҳанд шуд.

Ба огаҳии Вазорати адлияи Узбекистон, президент Шавкат Мирзиёев 3 август дар ин бора санадеро ба имзо расонида, он ба Кодекси маъмурии он кишвар шомил карда шудааст.

Як нишондиҳанда дар Узбекистон 300 ҳазор сӯм ($27) муайян шудааст ва мансабдори ин кишвар дар сурати нақзи қонун дар бораи сиёсати шаффофият метавонад аз 900 ҳазор то 1,5 миллион сӯм (82 то 140 доллар) ҷарима шавад.

XS
SM
MD
LG