Ссылки доступа

Дар Қирғизистон баъди марги як сарбоз вазъи равонии низомиёнро меомӯзанд


Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон баъди марги як сарбоз ҳангоми адои хидмат дар муассисаи ислоҳии рақами 27 омӯзиши вазъи маънавию равонии низомиёнро шурӯъ кардааст.

"Ба гуфтаи онҳо, ҳеҷ гуна фишори равонӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати низомиён сурат намегирад ва аз шароити хидмат ҳам шикоят намекунанд. Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки сарбози фавтида шахси хушҳол буд ва бо касе муноқиша намекард. Марказ парвандаро зери назорат гирифтааст ва барои омӯзиши муфассали вазъи ахлоқию равонӣ дар муассиса кор мекунад", - гуфтанд дар Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон.

Сарбози фавтида Қалис Абдиқобилов, соли таваллудаш 2003, моҳи марти имсол ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, бар асоси тақсимот, дар Раёсати ҳифзи муассисаҳои ислоҳӣ афтодааст.

Ӯ субҳи 29 июл ҳангоми иҷрои вазифа ҷон бохт. Хадамоти иҷрои ҷазо хабар дод, ки "сарбоз худро парондааст ва дар натиҷаи бардоштани захми зиёд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид". Наздикони ҷавон ба ин фарзия бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG