Ссылки доступа

Корхонаи коркарди нафти Фарғона худсӯзии кормандашро шарҳ дод


Корхонаи коркарди нафти вилояти Фарғонаи Узбекистон худсӯзии корманди худ Санобархон Ҳайдароваро шарҳ дод.

Дар баёнияи корхона омадааст, ки зан аз кор ронда нашудааст ва он рӯз ӯро танҳо барои бо худ наовардани гузарнома ба маҳалли кор роҳ надоданд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки корхона ба ӯ ва хонаводааш кумак мерасонад ва дар ин ҳодиса бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумати вилояти Фарғона ҳамкорӣ мекунад.

Ҳайдарова 2 август дар назди даромагоҳи корхона ба сару рӯяш бензин рехта, худро оташ зад. Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов хабар дод, ки додситонии Фарғона дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки зани 47-сола барои аз даст додани ҷои кораш худро оташ задааст. Ҳайдарова дар ҳоли ҳозир дар беморхона бистарӣ аст.

XS
SM
MD
LG