Ссылки доступа

Дар натиҷаи як тирпаронӣ дар Алмато як кас кушта ва 2 нафар захмӣ шудааст


Дар натиҷаи як тирпарронӣ дар деҳаи Узинагаши вилояти Алматои Қазоқистон 1 кас кушта ва 2 нафар захмӣ шудааст.

Раёсати пулиси вилояти Алмато иттилоъ дода, ки 4 август се нафарро бо захми тир ба бемористони вилоят интиқол доданд. Дертар яке аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохт.

Ба иттилои пулис, сокини Узинагаш бо ҳам занозанӣ карда, аз силоҳ истифода кардаанд.

"Шахсияти ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ муайян шуда, дар ҳоли ҳозир барои ба ҳабс гирифтани онҳо чора андешида мешавад", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии пулиси Алмато.

XS
SM
MD
LG