Ссылки доступа

Сардори пешини пулиси вилояти Алматоро дар боздоштгоҳ мурда ёфтанд


Сардори пешини пулиси вилояти Алматои Қазоқистонро рӯзи 6 август дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Алмато мурда ёфтанд.

Мақомоти тафтишотии Қазоқистон гуфтанд, Жайлаубек Халиқулӣ, сардори пешини пулиси вилоят аз бемории "асфиксияи механикӣ" фавтидааст. Таҳти ин ибора нафастангие фаҳмида мешавад, тавассути бастани роҳи нафаскашӣ ба вуҷуд омадааст.

Халиқулӣ моҳи майи соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон он замон хабар дод, ки вай "дар гирифтани маблағ ва амол бо роҳи фиреб барои бастани парвандаи ҷиноӣ" айбдор мешавад.

Жайлаубек Халиқулии 59-сола солҳои 2013-2016 сардори пулиси вилояти Алмато буд. Баъди ба нафақа баромадан мушовири вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG