Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғизистониро баъди шикоят аз таксиронҳои Ӯш таҳдид карданд


Шоҳрух Саипов, рӯзноманигори қирғизистонӣ, ки дар мавзуи таксиронҳои фурудгоҳи шаҳри Ӯш гузориш дода буд, таҳдиду тарс дода шудааст.

"Маро дар иғвоангезӣ, ангехтани бадбинӣ айбдор мекунанд, менависанд, ки маро бояд зиндонӣ кард... Сарфи назар аз ин таҳдидҳо, ман инъикоси ин мавзуъро идома медиҳам, то замоне ки он ҳал нашавад ва вазъ ба тарафи мусбат тағйир накунад", - навишт Саипов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон баъди шикоятҳои батакрор 105 кирокаши назди фурудгоҳро ба бозпурсӣ даъват кардааст.

Женишбек Аширбоев, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯши Қирғизистон гуфт, айни замон бештар аз 25 кирокаш бозпурсӣ шудааст.

Сабаби ба бозпурсӣ даъват кардани кирокашҳо шикояти шаҳрвандони Узбекистон шудааст, ки тавассути фурудгоҳи Ӯш парвоз карда буданд. Мусофирони узбекистонӣ гуфтаанд, кирокашҳо онҳоро иҷборан дар мошин шинонда, барои масофаи 5-6 километр то марзи Узбекистон аз ҳар кадом мусофир 500-сомӣ (муодили 60 сомонӣ) талаб мекунанд.

Пештар аз ин расонаҳои Қирғизистон борҳо дар ин мавзуъ гузориш дода буданд.

Чанд моҳи пеш раиси вилояти Ӯши Қирғизистон Зиёуддин Ҷамолиддинов барои

Мақомоти вилояти Ӯши Қирғизистон ба пулис дастур дода буданд, ки барои пешгирӣ аз ин рафтори кирокашҳо дар наздикии марзи Қирғизистон бо Узбекистон дурбинҳои наворбардорӣ насб кунанд ва истгоҳи кирокашҳоро аз марз дуртар баранд. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, таҳдиди кирокашҳо ва рафтори ношоями онҳо ҳамоно идома дорад.

XS
SM
MD
LG