Ссылки доступа

Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хостанд, чархболҳои неруҳои Афғонистонро баргардонанд


Вазорати мудофиаи ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи ҳаракати "Толибон" таъсис шудааст, бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хост, чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шуда буданд.

Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон гуфт, Кобул чархболҳои рабудашударо ба зудӣ ба даст меорад. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон рӯзи 8 август иттилоъ доданд.

"Чархболҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд. Онҳо бояд ба ҳукумати кунунӣ баргардонида шаванд", - афзуд Хоразмӣ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарони афғонистонӣ мегӯянд, то замоне, ки ҳукумати Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашавад, баргардонии чархболҳо имкон надорад.

Низомиҳои афғонистонӣ бо ин чархболҳо моҳи августи соли 2021 замоне фирор карданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" кобулро ғасб карданд.

Моҳи январи соли ҷорӣ низ "Толибон" аз Тоҷикистону Узбекистон хоста буданд, чархболҳоро баргардонанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чархболҳоро ба мақомоти Амрико бармегардонанд.

XS
SM
MD
LG