Ссылки доступа

Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар Туркия бо гумони "терроризм"


Як шаҳрванди Узбекистонро дар Туркия боздошт карданд, ки бо гумони даст доштан дар "терроризм ва сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ" ҳафт соли охир дар пайгард қарор дошт.

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, сокини 45-солаи вилояти Бухоро дар ҷараёни як амалиёти махсус дар Туркия боздошт шудааст.

Вазорат хабар дод, боздоштшуда ба ҳабси гирифта шуда, дар фурсатҳои наздик ба Узбекистон истирдод мешавад.

XS
SM
MD
LG