Ссылки доступа

Гумонбарони куштори тоҷири қазоқистониро боздошт карданд


Мақомоти пулиси Қазоқистон хабар доданд, ду марди 21 ва 31 сола, ки дар куштори тоҷире аз Уралски он кишвар гумонбар мешаванд, рӯзи 8 август боздошт шуданд.

Пулиси Қазоқистон гуфт, ду гумонбарро бо кӯмаки сокинон боздошт кардаанд.

Навори куштори соҳибкор Еркин Мухангалиев, молики қаҳвахона ва тарабхонае дар Уралск, шоми 6 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки се мард пушти мизе дар қаҳвахона суҳбат доранд.

Баъди чанд лаҳза яке аз гумонбарон бо корд ба соҳибкор ҳамла мекунад. Мухангалиев талош мекунад, ки фирор кунад. Ҷасади вай назди боғи шаҳрӣ пайдо шуд. Пулис хабар дод, ки Мухангалиев аз ҷароҳати бардоштааш то омадани ёрии таъҷилӣ фавтидааст.

Мақомоти пулис гуфтанд, ангезаҳои ин куштор ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG