Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизистон соҳибони каналҳои телеграмиро барои ташкили табодули асъор ҷарима баст


Бонки миллии Қирғизистон соҳибони каналҳои телеграмиеро ҷарима баст, ки табодули ғайриқонунии асъор ташкил карда буданд.

Роҳбарияти Бонки миллии Қирғизистон бо ташкил кардани рейдҳои махсус талош дорад, ки аз табодули ғайриқонунии асъор пешгирӣ кунад. Дар маҷмуъ, дар ҷараёни ин рейд 14 кас ҷарима шудааст, ки миёнашон соҳибони каналҳои телеграмӣ низ ҳастанд.

Пештар аз ин дар Бонки миллии Қирғизистон гуфта буданд, талабот ба асъори нақди хориҷӣ "барои пайдо шудани бозорҳои гуногуни табодули асъор замина гузоштааст". Дар Бонки миллии он кишвар гуфтанд, қонун табодули асъорро бидуни иҷозатнома манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG