Ссылки доступа

Дар Маскав барои марги се коргар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Яке аз се коргаре, ки дар қубурҳои корези шаҳри Маскав даргузашт, шаҳрванди Тоҷикистон ва ду нафари дигар – қирғизистониҳо буданд.

Людмила Нефедова, намояндаги расмии додситонии шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Интерфакс рӯзи 7-уми август гуфт, ки ин ниҳод ба Кумитаи тафтишотӣ тамоми маводи вобаста ба ҳодисаи марги коргарони ширкатеро, ки масъулияти тоза кардани роҳу қубурҳои обгузарро дар ҷанбулу шарқи Маскав ба ӯҳда дошт, ирсол намуд.

Ӯ гуфт, ки ҷасади ин се коргар бо ёрии наҷотбахшон берун бароварда шуд. Додситонӣ аз рӯи ҳодисаи марги коргарон парвандаи ҷиноӣ боз карда гуфт, "дар амали ширкати тиҷоратӣ нишонаҳои ҷиноят дида мешавад" ва додситонӣ бар асоси моддаҳои 143 ва 216-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "вайрон кардани талаботи бехатарии кор" ва "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҳангоми дигар корҳо" парванда боз кардааст.

Ба иттилои Нефедова, ҳодиса рӯзи якшанбе дар кӯчаи Краснодарская рух дод. Ҳангоми кор дар дохили қубурҳои корез зоҳиран сатҳи об боло рафта се коргар, аз ҷумла, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Се нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Маълум шуд, ки ин корҳоро ширкати "АкваТрейд" анҷом медод.

XS
SM
MD
LG