Ссылки доступа

Гуфтугӯи Қирғизистону Узбекистон дар мавриди аломатгузории марзи муштарак шуруъ шуд


Дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзи 9 август гуфтугӯи ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон барои аломатгузории марзи муштарак шуруъ шуд.

Назирбек Борубоев, намояндаи вижаи девони вазирони Қирғизистон гуфт, дар ин гуфтугӯҳо мавқеи ҷонибҳо оид ба қитъаҳои мушаххасношудаи марзи ду кишвар баррасӣ мегардад.

"1170 км марзи муштарак муайян шудааст, акнун барои ҳалли қитъаҳои боқимонда мулоқот анҷом мешавад. Мо тасмим дорем, ки соли ҷорӣ масъалаи марз бо Узбекистонро комилан ҳал кунем", - гуфт Борубоев.

Гуфтугӯҳои ду кишвар 17 август ба поён мерасанд.

Узбекистону Қирғизистон 1378 км марзи мушатарк доранд, ки 85 дарсади он ё 1170 километраш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Моҳи феврали соли 2021 ҷонибҳо хабар доданд, ки 13 дарсади қитъаҳои боқимондаро муайян кардаанд. Моҳи майи соли ҷорӣ ҷонибҳо ба аломатгузории қитъаҳои боқимонда шуруъ карданд.

XS
SM
MD
LG