Ссылки доступа

Мақомоти қудратии Қирғизистон мудири як мактабро бо гумони фасодкорӣ боздошт карданд (видео)


Лицей 61

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) аз рӯи далели фасодкорӣ нисбати мудири мактаби №61 Юрий Низовский парванди ҷиноӣ боз кардааст..

Дар ин кумита гуфтанд, Юрий Низовский низоми устувори фасодолудеро таъсис дода, аз волидони хонандагон пора мегирифтааст.

Ба вижа, далелҳое ошкор шудааст, ки Низовский барои қабули хонандагон ба синфи 1 аз волидон пора гирифтааст.

Дар натиҷаи тафтишот мақомоти КДАМ-и Қирғизистон ошкор кардаанд, мудири мактаб ва хешовандони наздикаш бештар аз 35 адад амволи манқулу ғайриманқул доштаанд, ки арзиши умумиашон ба 150 млн сом мерасад.

Дар КДАМ гуфтанд, Юрий Низовский дар низоми маорифи Қирғизистон ба ҳайси мудир аз соли 1991 то ин замон кор кардааст.

Бино ба фармони президенти Қирғизистон, то соли нави хониш дар 966 мактаби миёнаи он кишвар мебоист, мудирон иваз шаванд. Зеро, онҳо бештар аз 5 сол мудирӣ кардаанд. Юрий Низовский аз иштирок дар озмун даст кашида, ин иқдомро таҳқиромез унвон карда буд.

Ҷонибдорони Низовский пушти дари бинои КДАМ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки боздошти вай шарҳ дода шавад.

XS
SM
MD
LG