Ссылки доступа

Русия қисме аз низомиҳои захиравиашро ба марзи Украина интиқол медиҳад


Рӯзи 9 август қисме аз сарбозони эҳтиётиеро дар Русия барои "омодагии низомӣ" ба марзи Украина интиқол додаанд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград истиқомат мекунанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ ва сарбозони эҳтиётӣ хабар доданд.

"Мегӯянд, мо техникаҳоро таъмир мекунем", - гуфтааст яке аз сарбозони эҳтиётӣ дар суҳбат бо нашрияи "Вёрстка".

Ҳомиёни ҳуқуқ хабар доданд, ки 10 тан аз сарбозони эҳтиётӣ ба онҳо шикоят овардаанд. Сарбозони эҳтиётиро ба идораҳои низомӣ даъват ва маҷбур ба имзо гузоштан зери санаде кардаанд. Баъди ин, онҳоро ба вилояти Белгороди ҳаммарз бо Украина интиқол медиҳад.

"Шиносномаҳо, билети ҳарбиро мегиранд ва ба қисми низомӣ мефиристанд - аз он ҷо ба вилояти Белгород, тавре ба мо гуфтанд, барои таъмири техника ва ҷобаҷо кардани "снарядҳо". Сарбозони эҳтиётӣ синну соли гуногун доранд: 26, 30, 40-сола ҳастанд", - гуфтанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Бино ба қонунгузории Русия, сарбозони эҳтиётӣ ҳақ доранд, ки дар омодагиҳои низомӣ ширкат накунанд.

XS
SM
MD
LG