Ссылки доступа

Волидони қурбониёни моҳи январи Қазоқистон бо талаби сафедсозии фарзандонашон то пойтахт пиёда мераванд (видео)


Гуруҳе аз волидон дар Қазоқистон, ки фарзандонашон дар ҳодисаҳои моҳи январи он кишвар ё кушта шуда ва ё дар боздошт қарор доранд, аз шаҳри Тароз то Нурсултон пиёда рафтанӣ ҳастанд ва ба ин тартиб, сафедсозии фарзандонашонро мехоҳанд, талаб кунанд.

Волидон гуфтанд, ахиран мақомоти маҳаллӣ талош карданд, ки онҳоро аз ин иқдом манъ кунанд.

Бакитҷон Шингисбеков, ки писари 18-солааш дар ҳодисаҳои моҳи январ кушта шуд, гуфт, ки гуруҳи волидон шаби 10 август ба роҳ баромадаанд.

"Шаб мо ба автобус нишастем. Автобус 500 метр ҳаракат карду моро фаровард. Эҳтимол, касе ба ӯ занг зад. Ба таксӣ нишастем, таксиро манъ ва ҷарима карданд. Акнун мо пиёда меравем", - гуфт вай.

Пештар аз ин гуруҳи дигари волидон дар Қазоқистон моҳи июл сафедсозии фарзандон ва наздиконашонро талаб карда буданд. Мақомоти Қазоқистон ваъдаи баррасии талабҳояшонро доданд.

Ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ сар зад, ки ба хунрезӣ печид. Рӯзи 7 январ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ба низомиҳо фармони оташкушоӣ додааст.

Бино ба омори расмӣ, дар он ҳодисаҳо 232 кас кушта шуда, шаш тани дигар дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, садҳо каси дигарро дар робита ба ҳодисаҳои мазкур зиндонӣ кардаанд. Қазоқистон даъват ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқиро дар мавриди таҳқиқи муштараки ҳодисаҳои моҳи январ рад кард.

XS
SM
MD
LG