Ссылки доступа

Мудири боздоштшудаи мактабро дар Қирғизистон ба ҳабси хонагӣ фиристоданд


Юрий Низовский, мудири мактаби №61-ро дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба ҳабси хонагӣ фиристоданд. Вакили мудофеи вай Икромиддин Айтқулов гуфт, ин қарор рӯзи 10 август аз ҷониби додгоҳ қабул шудааст.

"Дархости ман дар бораи ба ҳабси хонагӣ фиристодани мудири мактаб аз сӯи тафтишот ҳимоят ёфт. Зеро мудири мактаб ҷоизаҳои давлатӣ дорад. Ба ҷуз ин, вай бемор аст. Бемориаш иҷозат намедиҳад, ки дар боздошт бошад", - гуфт вакили мудофеъ.

Икромиддин Айтқулов гуфт, Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон дар ибтидо нисбати Юрий Низовский бо моддаи "Фасодкорӣ" парванда боз карда буд. Акнун ин моддаро ба моддаи "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" иваз кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек хабар дод, ки гумонбар то 16 сентябр дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Пештар дар КДАМ гуфтанд, Юрий Низовский низоми устувори фасодолудеро таъсис дода, аз волидони хонандагон пора мегирифтааст.

Ба вижа, далелҳое ошкор шудааст, ки Низовский барои қабули хонандагон ба синфи 1 аз волидон пора гирифтааст.

Дар натиҷаи тафтишот мақомоти КДАМ-и Қирғизистон ошкор кардаанд, мудири мактаб ва хешовандони наздикаш бештар аз 35 адад амволи манқулу ғайриманқул доштаанд, ки арзиши умумиашон ба 150 млн сом мерасад.

Дар КДАМ гуфтанд, Юрий Низовский дар низоми маорифи Қирғизистон ба ҳайси мудир аз соли 1991 то ин замон кор кардааст.

Бино ба фармони президенти Қирғизистон, то соли нави хониш дар 966 мактаби миёнаи он кишвар мебоист, мудирон иваз шаванд. Зеро, онҳо бештар аз 5 сол мудирӣ кардаанд. Юрий Низовский аз иштирок дар озмун даст кашида, ин иқдомро таҳқиромез унвон карда буд.

Ҷонибдорони Низовский пушти дари бинои КДАМ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки боздошти вай шарҳ дода шавад.

XS
SM
MD
LG