Ссылки доступа

"18-сола боло ба Русия." Чаро бекорӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст?


Омори Тоҷикистон аз афзоиши бекорӣ шаҳодат меҳидад. Воқеият чӣ гуна аст?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Омори Тоҷикистон аз афзоиши бекорӣ шаҳодат меҳидад. Воқеият чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон шумораи бекороне, ки расман номнавис шудаанд, 8,6 дарсад афзудааст.

Бархе коршиносон омории воқеии бекорон ва афзоиши онро аз маълумоти расмии мақомот бештар медонанд, зеро ба гуфтаи онҳо, дар кишвар аксарияти бекорон ё корҷӯён худро расман сабт намекунанд.

Мақомоти Оҷонсии омори Тоҷикистон ин афзоишро шарҳ надоданд, фақат гуфтанд, ки он бар асоси маълумоти шӯъбаҳои шуғли аҳолӣ ҷамбаст шудааст.

Абдувалӣ Набизода, намояндаи ин ниҳод, рӯзи 4-уми август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолӣ шумораи бекорон 55,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8,6 фоиз зиёд шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ бекорон, 2,2 фоизро ташкил медиҳанд, соли гузашта ҳамин нишондиҳанда 2 фоиз буд".

Суҳбатҳои кутоҳ дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки бисёриҳо бекоранд, вале намедонанд, чӣ гуна сабтином шаванд ё хоҳиш надоранд, ки расман бекор ном гиранд.

Абдуфаттоҳ Акобиров, сокини ноҳияи Рашт, ба тозагӣ аз Русия баргаштааст ва ҳоло дар Тоҷикистон бекор аст. Ӯ рӯзи 8-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Русия гарон шудааст ва кор кардан дар ин кишвар осон нест. Дар Тоҷикистон бошад, ба назари ӯ маоше, ки корфармо медиҳад, ба зиндагӣ намерасад.

"Ҷустуҷӯ кунӣ, кор меёбӣ, лекин масъалаи пардохти маошаш маълум нест, зери суол аст. Номаълум аст, ки сари вақт медиҳанд маошро ё дер, маоши кофӣ медиҳанд ё не. Фикр мекунам, маош паст аст, намерасад,"--афзуд, ӯ.

Набуди ҷои кори муносиб боис шудааст, ки солона садҳо ҳазор корҷӯи Тоҷикистон роҳи Русия дар пеш бигиранд. Дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз қабили табибу омӯзгор, кам нестанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иддао дорад, ки дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар нимсолаи соли ҷорӣ 36 ҳазор нафарро ба ҷои кор таъмин кардаанд. Ӯ, ки ду ҳафта пеш дар як нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки наздик ба 11 ҳазор нафарро дар марказҳои таълимӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта, бо ташкили ярмаркаҳо ба сокинон беш аз 70 ҳазор ҷойҳои кори холӣ пешниҳод кардааст. Вале корҷӯён таъкид мекунанд, ки бо далели паст будани маош дар чунин ҷойҳои корӣ ба он чандон таваҷҷӯҳ надоранд.

Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи афзоши бекорӣ ва сабабу омилҳои он чизе намегӯянд.

Рӯзи 8-уми август дар як пурсиши сарироҳии мо сокинон омилҳои мухталифи болоравии мизони бекорӣ дар кишварро номбар карданд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, "рӯз то руз аҳолӣ афзуда истодааст, вале ҷои кор нест. Кор, ки бошад, мардум тарафи Русия мераванд? Мешинад дар давлати худаш кор мекунад. То кай дар бозор ароба мекашанд, дар "стройка" кор мекунанд. Ягон корхонаву истеҳсолоти дигар нест?"

Мусоҳиби дигари мо афзуд, ки "бекорӣ ба он сабаб зиёд шудааст, ки мардум худаш кор намекунад, бисёр муфтхӯр шудаанд."

"Ман сохтмончӣ ҳастам, шукр зиндагӣ хуб аст. Дар як моҳ то 4-5 ҳазора сомонӣ кор мекунам,"--гуфт, яке аз роҳгузарони дигар.

Ба назари Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, фарогирии корҷӯён ба касбомӯзи дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бояд бозори меҳнат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирад ва мақомот бекоронро бо таваҷҷӯҳ ба талаботи бозор ба касбомӯзӣ равона созанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки шумори воқеии бекорон дар Тоҷикистон аз омори мақомот тафоввут дорад: "Зер на ҳар кас худашро рафта ҳамчун бекор қайд мекунад. Барои чӣ? Барои он ки бисёриҳо аз сини 18- сола боло ҳама ба Русия мераванд ва дар ин ҷо ҳамчун бекор ба қайд гирифта намешаванд."

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон дар сурате, ки корҷӯ худро ҳамчун бекор дар Идораи шуғли аҳолӣ сабти ном мекунад, ба муҳлати се моҳ аз давлат кӯмакпулӣ мегирад. Вале тавре намояндагони вазорати меҳнат гуфтанд, на ҳама бекорон аз чунин кӯмакпулӣ бархӯрдоранд.

Ба се навъи муроҷиаткунандагон кӯмаки молӣ расонида мешавад. Нафароне, ки аз ҷойи кори худ ихтисор шудаанд ё ашхосе, ки аз хидмати ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазо озод мешаванд. Маблағи кӯмак дар ҳаҷми маоши ҳадди ақал аст, ки то моҳи июл 400 ва акнун 600 сомониро ташкил медиҳад.

Вақте корҷӯ худро дар мақомоти шуғли аҳолӣ сабтином мекунад, бар асоси ихтисос ё касбу кораш, бояд ба ҷои коре таъмин шавад, ки зиндагияшро битавонад пеш барад. Чизе, ки ба амалӣ шуданаш шубҳаҳо зиёданд.

XS
SM
MD
LG