Ссылки доступа

Кумитаи ҷамъиятии "Араша" дар Қазоқистон ба озодии фаъолоне даъват дорад, ки дар ҳодисаҳои январӣ боздошт шудаанд


Кумитаи ҷамъиятии "Араша" дар Қазоқистон, ки бо ҳадафи ҳимоят аз маҳбусони сиёсӣ ва зиёндидагони ҳаводиси хунини моҳи январ таъсис шудааст, ба озодии фаъолони шаҳрвандие даъват дорад, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январ боздошт шудаанд.

Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон аъзои кумита гуфтанд, мақомот бояд ҳодисаҳои январиро бо ҷиддият таҳқиқ кунанд, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд ва онҳоеро муайян кунанд, ки дар шиканҷаи боздоштшудаҳо даст доранд.

Кумита аз фаъолоне ном гирифтааст, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январ боздошт шудаву қисме зиндонӣ ва қисми дигар дар ҳабси пешакӣ ҳастанд.

Мақомоти Қазоқистон мавҷудияти маҳбусони сиёсиро дар он кишвар рад мекунад.

Ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ сар зад, ки ба хунрезӣ печид. Рӯзи 7 январ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ба низомиҳо фармони оташкушоӣ додааст.

Бино ба омори расмӣ, дар он ҳодисаҳо 232 кас кушта шуда, шаш тани дигар дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, садҳо каси дигарро дар робита ба ҳодисаҳои мазкур зиндонӣ кардаанд. Қазоқистон даъвати ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқиро дар мавриди таҳқиқи муштараки ҳодисаҳои моҳи январ рад кард.

XS
SM
MD
LG