Ссылки доступа

Раҳбари ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ба дабири кулли СММ нома навишт


Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломӣ аз Созмони Миллали Мутаҳид хостааст, дар масъалаи созмони террористӣ шинохтани он аз тарафи Русия дахолати бевосита кунад.

Рӯзи 11-уми август дар як муроҷиатномаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ба Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, хоҳиш кардааст, ки аз федератсияи Русия талаб кунад, то аз қабули чунин қарори мухолиф ба рӯҳияи созишномаи “Сулҳи тоҷикон” худдорӣ кунад.

Дар ин нома зикр шудааст, ки Созмони Миллал гурӯҳи кории махсусро барои баррасии ҷараёни иҷроиши созишномаи “Сулҳи тоҷикон” ва натиҷаҳои он таъсис диҳад.

Дар идомаи он гуфта мешавад, ки амалӣ шудани ин дархости Тоҷикистон, яъне созмони террористӣ эътироф кардани ҲНИТ, метавонад оқибатҳои нохуш барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик, на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад.

Ҳанӯз Созмони миллали мутаҳид ба ин муроҷиати Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ вокуниш накардааст.

Аз ин пеш, Игор Краснов, додситони кулли Русия, рӯзи 26-уми июли соли равон дар Душанбе ва дар мулоқот бо президент Раҳмон гуфтааст, "додситони кулли Тоҷикистонро дар бораи баррасии дархосташ барои террористӣ эътироф кардани баъзе созмонҳо дар Русия хабардор мекунам."

Вай афзудааст, "мо аллакай алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдем." Сомонаи расмии Додситонии кулли Русия навишт, Краснов бо даъвати ҳамтои тоҷикистонияш, Юсуф Раҳмон, ба Душанбе рафт.

Бо вуҷуди дархостҳои Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Русия, дар мавриди ҲНИТ тасмиме нагирифта буданд.

XS
SM
MD
LG