Ссылки доступа

Бозиҳои исломӣ: варзишкорони қирғизистонӣ тило ба даст оварданд


Айсулуу Тыныбекова

Варзишкорони қирғизистонӣ Эрназар Акматалиев ва Айсулуу Тинибекова дар панҷумин Бозиҳои исломӣ медали тило ба даст оварданд. Ин бозиҳо дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешаванд.

Ба иттилои мақомоти варзиши Қирғизистон, 11 август Эрназар Акматалиев дар қисмати ниҳоии мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 70 кг рақиби эрониашро шикаст дод. Пеш аз қисмати ниҳоӣ ё финал, варзишкори қирғизистонӣ рақибонаш аз Туркманистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷонро шикаст додааст.

Рӯзи 11 август Айсулуу Тинибекова, варзишкори дигари қирғизистонӣ низ дар бахши занонаи гуштӣ дар вазни то 62 кг бо шикаст додани рақиби гвинегиаш соҳиби медали тило шуд.

Бозиҳои исломӣ рӯзи 9 август шуруъ шуданд.

Наздики 4 ҳазор варзишкор аз 56 кишвар дар 20 навъи мусобиқа бо ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо то 18 август идома меёбанд.

XS
SM
MD
LG