Ссылки доступа

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми "ҳамла" ба пулиси Маскав зиндонӣ шуданд


Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамла ба пулиси Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, бародарон, Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои "Тулская" ба кормандони пулис дарафтоданд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар додааст, ки Умари Расулҷонзода ва Саидакрам Ҳамроевро тибқи моддаи 318 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия, яъне, (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот, ки барои ҳаёташ хатарнок нест), гунаҳкор дониста шудаанд.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ Умари Расулҷонзодаро ба 3 солу 6 моҳ ва Саидакрам Ҳамроевро ба 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум кардааст.

Назари пайвандони ин ҷавонони тоҷик ба ин ҳукми додгоҳ дастрас нест ва ҳамчунин маълум нест онҳо бозбинии ҳукмро талаб мекунанд ё не.

Дар гузашта падари онҳо ба Радиои Озодӣ гуфта буд, муноқиша пас аз он бархостааст, ки маъмурони пулис талош кардаанд, дасти шикастаи Саидакрамро тоб диҳанд ва ӯ тоқат накарда сахт дод задааст.

Қазияи ду бародар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс эҷод кард. Бисёриҳо пулиси Русияро барои рафтори бераҳмона нисбати муҳоҷирон танқид карданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран навиштанд, ки кормандони пулиси Маскав бо муҳоҷирон рафтори дурушт мекунанд ва ё ба торҳои асабашон нохун мезананд.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз рафтори нохуби кормандони пулис шикоят доранд. Мақомоти Русия дар навбати худ муҳоҷиронро ба поймол кардани қоидаҳои будубош ва ҷинояткорӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG