Ссылки доступа

Назарбоев масҷидеро боз кард, ки як рӯз пеш аз истеъфояш дар соли 2019 санги асоси онро гузошта буд


Рӯзи 12 август дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз масҷиди навсохте парда пардоштанд, ки калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад. Ин масҷидро Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ифтитоҳ бахшид.

"Масҷид дар майдони 10 га сохта шуда, баландии гумбазаш 83,2 ва қутри он 62 метрро ташкил медиҳад. Масҷид чаҳор манора дорад, ки баландии ҳар кадомаш 130 метрро ташкил медиҳад", - хабар доданд расонаҳои Қазоқистон. Масҷид дар як вақт ғунҷоиши бештар аз 30 ҳазор касро дорад.

Санги асоси ин масҷид моҳи марти соли 2019 - як рӯз пеш аз истеъфои Назарбоев аз мақоми президентӣ - гузошта шудааст.

Президенти пешини Қазоқистон дар маросими кушодашавӣ гуфт, масҷид аз ҳисоби "шаҳрвандони алоҳида ва сармоягузорон" сохта шудааст.

"Дар 30 соли истиқлолият, албатта, шаҳрвандони алоҳидаи мо ба чунин сатҳи дороӣ расиданд. Ва ман гуфтам: бояд сохтмони масҷидро дастгирӣ кард. Дороии давлат сарф нашудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони масҷид саҳм гузоштанд, сипос мегӯям", - гуфт Назарбоев.

Ин нахустин зуҳури Назарбоев дар чорабинии оммавӣ, бо ҳузури бархе аз мақомдорони амалкунандаи Қазоқистон, аз ибтидои соли ҷорӣ аст.

Баъди ҳодисаҳои моҳи январ мавқеи Назарбоев коста гардид: вай дигар раиси Шӯрои амният нест, наздикону пайвандонаш аз мақомҳои худ барканор шуданд, чанде аз аъзои хонаводааш бо айби ғорати дороии давлат ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG