Ссылки доступа

Ҷамъшавии дубораи мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистону Қазоқистон


Ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистону Қазоқистон, дар наздикии гузаргоҳи сарҳадии "Кен-Булун - роҳ" 14 август дубора мушоҳида шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки 14 август дар гузаргоҳи мазкур ҳудуди 50 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

"Сабабҳои асосии ҷамъшавии мошинҳои боркаш афзоиши интиқоли мусофирон бо сабаби мавсими сайёҳӣ ва интиқоли бор бо маҳсулоти мавсимӣ мебошад", - гуфтанд дар хадамот.

Ба гуфтаи масъулони хадамот, дар гузаргоҳҳои марзии дигари Қирғизистону Қазоқистон ҷамъшавии одамон ва воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG