Ссылки доступа

Ҳаракати нахустин қатораи боркаш аз Чин ба Узбекистон


Як қатори боркаш аз шаҳри Вусии вилояти Ҷиангсуи Чин 13 август ба самти Осиёи Марказӣ ҳаракат кардааст.

Бино ба навиштаи рӯзномаи чинии "Жэнмин Жибао", ин қатора 1000 тонна техникаҳои маишӣ ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро ба маблағи наздик ба 4,4 млн доллар интиқол дода, баъди 20 рӯз ба Узбекистон хоҳад расид.

"Корхонаҳои тиҷории хориҷии маҳаллӣ баъди оғози пандемия дар бахши содироти мол бо мушкилот рӯбарӯ шуданд ва пайдоиши масири нави боркашонӣ тавассути роҳи оҳан барои ин корхонаҳо имкониятҳои навро фароҳам месозад", - навиштааст рӯзнома.

Хабаргузории "Синхуа" моҳи декабри соли гузашта дар бораи роҳандозии ҳаракати қатораи боркаш аз Чин ба Узбекистону Қазоқистон хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG