Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нахустин "Қурултойи мардумӣ" баргузор мешавад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармон "Дар бораи даъвати Қурултойи мардумӣ" дар он кишварро имзо кард. Он 25 ноябри имсол дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, раиси кумитаи тадорукотии қурултой Суйунбек Касмамбетов таъйин шудааст. Ба ҳайати он дар баробари намояндагони президенти Қирғизистон дар вилоятҳо ҳамчунин коршиносон ва бархе аз мансабдорон шомил ҳастанд.

"Қурултойи мардумӣ"-и Қирғизистон дар мавриди сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба мақомот ташаббус пешниҳод мекунад. Ҳамчунин аъзои он паёмҳои президент ва гузоришҳои Девони вазирони он кишварро мешунаванд.

Ин ниҳод дар Қирғизистон баъди ворид кардану тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар, ки 5-уми майи соли 2021 сурат гирифт, ташкил шуд.

XS
SM
MD
LG