Ссылки доступа

Боздошти 7 афғон бо шиносномаҳои қалбакии Бритониё дар Тошканд


Ҳафт шаҳрванди Афғонистон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон бо шиносномаҳои қалбакии бритониёие дастгир шуданд, ки иддао мешавад дар Тоҷикистон дарёфт кардаанд.

Хадамоти матбуотии Раёсати таъмини бехатарии иншооти нақлиётӣ ва сайёҳии Узбекистон хабар додааст, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистон 5 август ҳангоми санҷиши шиносномаи мусофирони масири “Тошканд-Лондон” ба парвоз роҳ дода нашуданд.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони афғонистонӣ ба марзбонон шиносномаҳои қалбакии Бритониёро пешниҳод кардаанд. Дар рафти бозпурсӣ маълум шудааст, ки гӯиё онҳо ин шиносномаҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дарёфт кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои “убури ғайриқонунии марзи Узбекистон” ва “сохтакории ҳуҷҷат” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG