Ссылки доступа

Бинокорони Қазоқистон маошу шароити муносиб талаб доранд


Ҳудуди 30 корманди ширкатҳои гуногуни бинокорӣ дар Қазоқистон 15 август дар назди маркази "Жануя" дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда, аз кам будани маош ва шароити номусоиди корӣ шикоят карданд.

Таҷаммуъгарон гуфтанд, корфармо ба кори онҳо ба таври муносиб баҳо намедиҳад ва ҳамчунин барои корҳои иловагӣ маблағе пардохт намешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар пойтахти Қазоқистон ҳудуди ду ҳазор бинокор дар чунин шароит қарор дорад.

"Вазъ мушкил аст. Даромади мо барои нафақаи оила намерасад. Харҷи ба мактаб омода кардани кудакон хеле гарон шудааст. Нархҳо ҳар рӯз баланд мешаванд. Дар ҳоле ки маоши мо хеле кам аст", - гуфт яке аз бинокорон.

Ба назди эътирозгарон намояндаи ягон ширкати сохтмонӣ ҳозир нашуд. Талошҳои бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ барои дарёфти назари баъзе аз ширкатҳои бинокороӣ бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG