Ссылки доступа

Блогери қирғиз Ирис Жекшеналиев ду моҳ ҳабс шуд


Блогер ва мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ирис Жекшеналиев бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ду моҳ ҳабс шуд.

Вакили дифои блогер гуфт, Жекшеналиевро ба боздоштгоҳи рақами яки пойтахти Қирғизистон интиқол медиҳанд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи 15 август хабар дод, ки мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бозпурсӣ ва боздошт шудааст.

"Бозпурсӣ ба матлабҳое рабт дорад, ки дар саҳифаи "Полит Узник" дар Фейсбук нашр шудаанд. Тавассути ин матлабҳо бо мақсади фиреб додани мардум маълумоти дурӯғ паҳн карда мешавад", - омадааст дар баёнияи вазорат.

Аммо вазорат дақиқ зикр накардааст, ки сухан дар бораи кадом матлабҳо меравад.

Ирис Жекшеналиев 14 август боздошт шуд. Пештар ӯ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо" нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG