Ссылки доступа

Тошканду Риёз ба маблағи беш аз $13 млрд созишнома имзо карданд


Дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Арабистони Саудӣ чаҳорумин ҷаласаи Шӯрои кории ду кишвар дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд.

Дар поёни ҷаласа, ки 17 август баргузор шуд, 15 санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ба имзо расид, ки дурнамои иҷрои лоиҳаҳои мушаххасро дар бахшҳои энержӣ, саноати кимиёӣ, сохтмони биноҳои зисту зербиноӣ, дорусозӣ, тиб, нақлиёт ва ҳамлу нақлро дар Узбекистон муайян мекунад.

Соҳибкорони ду кишвар ҷамъан ба маблағи беш аз 13,1 миллиард доллар қарордод имзо карданд, ки дар таърихи 30 соли ахири ҳамкориҳои ду кишвар бесобиқа аст.

XS
SM
MD
LG