Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз хонаи яхмосфурӯш зиреҳпӯш ёфтанд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳаммолики ширкати "Умут ва Ко" А.Ж.Т.-ро бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ дастгир кардааст.

Ба огаҳии кумита, аз манзили зисти молики ширкат як мошини зиреҳпӯш, миқдори зиёди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ва силоҳи травматикӣ мусодира карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки боздоштшуда дар ҳаёти рӯзмарра пайваста аз либоси низомӣ истифода мекард ва “ба ҳама гуна зуҳуроти хашин" алоқмандӣ дошт.

Зидди А.Ж.Т. бо банди "қочоқи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ" парванда боз шудааст.

Ширкати "Умут ва Ко" яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ ва яхмос дар Қирғизистон мебошад. Он ба бародарон Кайрат ва Ҷӯрат Абдуллоевҳо тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG