Ссылки доступа

Мактабҳои Қазоқистон ба низоми дарсии панҷрӯза мегузаранд


Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфт, ки соли оянда тақрибан ҳамаи мактабҳои миёнаи ин кишвар ба низоми дарсии панҷрӯза бояд гузаранд.

"Ба назари мо, муаллимон бояд рӯзи шанбе истироҳат кунанд ва ҳамроҳи фарзандони худ бошанд. Ин қарор ба мудирони мактабу ҳамаи омӯзгорон ва кормандони техникии таълимгоҳҳо дахл дорад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, низоми таҳсили панҷрӯза ба муҳлати рухсатии омӯзгорон таъсире нахоҳад расонд. Рухсатии омӯзгорон 56 рӯз боқӣ мемонад.

Пештар Вазорати маорифи Қазоқистон муҳлати соли нави таҳсил дар мактабҳои он кишварро тасдиқ кард. Тибқи фармони вазири маорифи Қазоқистон, аз ин ба баъд соли таҳсил барои хонандагони синфи якум 35 ҳафта (қаблан 33 ҳафта) ва барои хонандагони синфҳои аз 2 то 11 36 ҳафта (қаблан 34 ҳафта) хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG