Ссылки доступа

ИМА гандуми Украинаро мехарад ва ба кишварҳое тақсим мекунад, ки хатари гуруснагӣ доранд


Дар чанд ҳафтаи оянда ИМА наздики 150 ҳазор тона гандуми Украинаро барои кишварҳои фақир харидорӣ мекунад.

Ин доду гирифт дар доираи созишномаи ба роҳ мондани содироти гандуми Украина сурат мегирад. Дар ин бора роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бизлӣ хабар дод.

Хариди мазкурро оҷонси СММ дар умури мубориза бо гуруснагӣ анҷом медиҳад.

Ахиран сокинони минтақаҳое амсоли Ҷибутӣ, Сомалӣ, Судон ва Эфиопиаи Африқо ба далели хушкӣ ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар Сомалӣ ба далели камғизоӣ 1000 кас фавтидааст. Ба иттилои СММ, дар минтақаи мазкур 22 миллион кас гуруснагӣ мекашад.

Дэвид Бизлӣ гуфт, ояндаи наздик 23 ҳазор тона гандуми Украина ба минтақа оварда мешавад, ки барои таъмини 1,5 миллион аҳолӣ давоми 1 моҳ кофӣ хоҳад буд.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи шанбеи гузашта хабар дод, дар доираи созишномаи имзошуда дар бораи аз сар гирифтани содироти гандуми Украина, Киев бештар 650 ҳазор тона гандум содир кардааст.

"Қисми дигари ин созишнома - дастрасии бидуни монеаи маҳсулоти ғизоии Русия ба бозори ҷаҳонӣ аст, ки шомили таҳримҳо нашудааст", - гуфт Гутерриш.

То 24 феврал Русияву Украина сеяки гандуми дунёро содир мекарданд. Русия ҳамчунин содиркунандаи бузурги нуриҳои минералӣ аст.

XS
SM
MD
LG