Ссылки доступа

Ҳаммолики ширкати "Умут ва Ко"-ро дар Қирғизистон ҳабс карданд


Яке аз моликони ширкати "Умут ва Ко" Журат Абдуллоевро дар Қирғизистон ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.

Мақомоти Қирғизистон Абдуллоевро рӯзи 19 август бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт карданд. Аз манзили зисти Абдуллоев як мошини зиреҳпӯш, миқдори зиёди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ва силоҳи травматикӣ мусодира карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки боздоштшуда дар ҳаёти рӯзмарра пайваста аз либоси низомӣ истифода мекард ва “ба ҳама гуна зуҳуроти хашин" алоқмандӣ дошт.

Зидди Журат Абдуллоев бо моддаи "қочоқи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ" парванда боз шудааст.

Ширкати "Умут ва Ко" яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ ва яхмос дар Қирғизистон мебошад. Он ба бародарон Кайрат ва Журат Абдуллоевҳо тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG