Ссылки доступа

Як сарбози Горди миллии Қазоқистон "аз тири силоҳи худ фавтидааст"


Дар қисми низомие дар шаҳри Алматои Қазоқистон сарбози 21-сола Абилай Содиров фавтидааст.

Бино ба иттилои расмӣ, соати 15 рӯзи 22 август сарбоз "бо таппончаи навъи Макаров, ки ба худи вай тааллуқ дошт, худро маҷруҳ кардааст". Дар натиҷаи ҷароҳати бардошта дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки сарбозон дар Қазоқистон мефавтанд. Рӯзи 20 августи соли ҷорӣ ҷасади як сарбозро дар дидбонгоҳи марзӣ дар вилояти Ҷамбили он кишвар пайдо карданд. Ба иттилои пешакӣ, сарбоз худкушӣ кардааст.

Рӯзи 17 август сарбози дигар дар қитъаи марзӣ дар вилояти Атирауи Қазоқистон фавтид.

Аз ибтидои соли ҷорӣ марги даҳҳо сарбози Қазоқистон расонаӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG