Ссылки доступа

Манобеъ: "Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ба поён расид"


Ба иттилои дарёфтӣ, таҳқиқи парвандаи рӯзноманигор Далери Имомалӣ ба анҷом расидааст.

Мақомот ва вакили мудофеъ бо баҳонаи махфӣ будани парванда ҷузъиёт намедиҳанд. Манобеи боварбахш ба Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми август гуфтанд, "тафтиши парвандаи Далери Имомалӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад."

Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Рӯзноманигор танҳо ду иттиҳоми аввалро қисман қабул карда, боқиро рад намудааст.

Маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 15-уми июни имсол Далери Имомалиро дастгир карданд. Пас аз чанд соати он Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамкори Далери Имомалӣ ҳам боздошт шуд.

Ин ду рӯзноманигор моҳҳои ахир асосан дар бораи масъалаҳои иҷтимоӣ барои Ютуб гузориш омода мекарданд. Наворҳои онҳо то миллион бинанда дошт.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Мақомот ба даъватҳо барои раҳоии ин ду хабарнигор то ҳол посухи мусбат надодаанд.

XS
SM
MD
LG