Ссылки доступа

Блогери қирғизистонӣ Адилет Болтобой дар ҳабс боқӣ мемонад


Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон ҳабси пешакии фаъоли ҷамъиятӣ ва хабарнигори ғайрирасмии телевизиони Next TV Адилет Болтобойро баррасӣ кард.

Ба ин тартиб, Адилет Болтобой дар ҳабси пешакӣ гузошта шуд. Наздикон ва ҷонибдорони фаъоли ҷамъиятӣ дар додгоҳ раҳоии ӯро талаб карданд.

"Мо умедвор будем, ки додгоҳ Адилетро раҳо мекунад", - гуфт модари Адилет.

Адилет Болтобойро рӯзи 30 июни имсол ба бозпурсӣ даъват ва боздошт карданд. Вай дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ гумонбар мешавад.

Блогер гуфт, тафтишот дар навиштаҳои вай дар Facebook даъват ба бетартибиҳоро ошкор кардааст.

Болтобой айбҳои эълоншударо фишор ба озодии баён ва худро бегуноҳ медонад.

XS
SM
MD
LG