Ссылки доступа

Ширкатҳои минтақавии радиову телевизионӣ дар Қирғизистон миллӣ мешаванд


Ҳамаи ширкатҳои радиову телевизиони минтақавӣ дар Қирғизистон ба ихтиёри Корпоратсияи миллии телевизиону радиои он кишвар мегузаранд. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон фармон имзо кард.

Бино бар ҳуҷҷати имзошуда, ширкатҳои минтақавӣ бо кормандон, васоили моддиву техникиашон ба ихтиёри Корпоратсияи миллӣ мегузаранд.

Ҷабборов ҳамчунин ба девони вазирони Қирғизистон дастур додааст, ки моаши кормандони Корпоратсияи миллӣ баланд бардошта ва васоили техникии он муосир гардонида шавад.

XS
SM
MD
LG