Ссылки доступа

Аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, боздошти зодагони Бадахшонро бас кунанд


Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ бо нашри баёнияе рӯзи 23-юми август гуфт: "Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин беадолатӣ хотима дода, ба аҳдномаҳои байнулмилалии худ барои таъмини муҳокимаҳои одилона пойбанд бошанд."

Дар баёнияи созмон омадааст, даҳҳо сокини Бадахшон, ки баъд аз тазоҳуроти моҳи майи имсол дастгир шуданд, мумкин аст, паси дарҳои баста ноодилона муҳокима шаванд.

"Шахсонеро, ки ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд, бедалел ва бе вакили дифоъ муҳокима мекунанд, ки ғайриқонунӣ аст," – гуфтаанд дар баёния.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомӣ садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро ба иттиҳоми барангехтани ин нооромиҳо дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.

XS
SM
MD
LG